Коршинос бурду бохти Тоҷикистон аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро гуфт

Воридшавии Тоҷикистон ба иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба кишвар манфиатҳои зиёди иқтисодӣ меоварад, аммо эҳтимол аст мақомоти Душанбе аз хароҷоти шомилшавӣ ба Созмон каме дури меҷӯяд, тахмин мекунад коршиноси иқтисодӣ Евгения Войко
Sputnik

 Тоҷикистон 5 сол боз болои масъалаи шомилшавӣ ба Иттиҳоди иқтисозии Авруосиё фикр дорад, аммо то ҳол хулосаи аниқ набаровардааст, ки ба ин Созмон ворид мешавад, ё не.

Коршинос бурду бохти Тоҷикистон аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро гуфт

Аз як тараф Тоҷикистон бо воридшавӣ ба ин Иттиҳод манфиатҳои иқтисодӣ ба бор меорад. Аз тарафи дигар ҳукумати кишвар барои қабули қарори шомилшавӣ ба созмон ҳаракат накардаистодааст ва эҳтиёткорона бо қарздиҳандаи асосии кишвар – Чин ҳамкорӣ кардаистодааст, қайд мекунад дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи моллияи назди ҳукумати Русия Евгения Войко.

“Вақти қабул кардани қарор дар ин бора кайҳо расида буд, аммо то ҳол чизе маълум нест. Манфиатҳои ин Созмон ба Тоҷикистон метавонанд доштани бозори ягонаи умумӣ варафъи  мушкилиҳои гумрукӣ бошанд. Бемуҳобот, омилҳои муҳоҷират низ дар ин ҷо нақши асосӣ мебозанд. Убури озодона дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба Русия ва дигар кишварҳои аъзо метавонад имкониятҳои будубоши шаҳрвандони Тоҷикистонро беҳтар гардонад. Аз минусҳо метавонанд ин имкони аз даст додани мустақилияти иқтисодӣ ва ҳатто сиёсӣ бошанд, ба ҳар ҳол дар Тоҷикистон чунин меандешанд. Инчунин бо ворид шудан ба созмон барои Тоҷикистон каме хатари аз даст додани дастгириҳои Чин дар кишвар вуҷуд дорад”, - ба  Sputnik гуфт Евгения Войко.