Эҷоди 12,7 ҳазор ҷои корӣ дар Тоҷикистон

Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 12 ҳазору 700 ҷойи корӣ эҷод шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Бино ба иттилои Ожонси омори Тоҷикистон, ҳудуди 9 ҳазор, ё 66,9 дарсади ҷойҳои нави корӣ доимӣ мебошанд, навиштааст ТоҷикТА.

Фармони Эмомалӣ Раҳмон барои квота ба коргарони хориҷӣ ва шарҳи Вазорати меҳнат

Манбаъ афзуд, ки беш аз 3 ҳазор, ё 23,7 дарсади ҷойҳои корӣ муваққатӣ ва 818 ё 6,4 дарсад ҷойҳои корӣ мавсимӣ мебошанд.

“Афзун бар ин, дар ин се моҳ 233 ҷойи кории иловагӣ эҷод ва беш аз 1,5 ҳазор ҷойи корӣ барқарор шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Ожонс изҳор доштааст, ки ҷойҳои корӣ аслан дар бахшҳои кишоварзӣ, ҷангалдорӣ ва моҳипарварӣ фароҳам шудаанд.

Дар зимн, музди миёнаи кормандони ин се бахши Тоҷикистон 586 сомонӣ, ё худ 63 доллари амрикоӣ аст, ки ин музди пасттарин дар кишвар мебошад, таъкид кардааст ТоҷикТА.

Дар ин муддат дар феҳристи ожонси меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ 78,6 ҳазор шаҳрванди бекор сабтином мебошанд.