Ошхӯрии духтари раисиҷумҳур дар Самарқанд - акс

Лейла Алиева, духтари бузурги Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон аз шаҳри Самарқанд дидан намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Алиева аз майдони Регистон, оромгоҳи Амир Темур, масҷиди Бибӣ-Хонум ва расадхонаи Улуғбеки Самарқанд боздид кард, хабар додааст шабакаи Telegram-и “ Uzbekistan.travel”.

Ошхӯрии духтари раисиҷумҳур дар Самарқанд - акс

Ба иттилои манбаъ, духтари раисиҷумҳур оши самарқандиро чашида, тавсиф намудааст. Ӯ ваъда додааст, ки дигарбора ба Самарқанд - шаҳре, ки таъриху фарҳанги қадима дорад, хоҳад омад.

Ошхӯрии духтари раисиҷумҳур дар Самарқанд - акс

Лейла, духтари Илҳом ва Меҳрубон Алиевҳо мебошад, ки аз фаъолони ҷамъиятии Озарбойҷон ба шумор меравад. Ӯ сармуҳаррири маҷаллаи “Баку”, ноиби президенти Хазинаи Ҳайдар Алиев ва роҳбари намояндагии Хазина дар Русия мебошад.

Ӯ ба фаъолияти эҷодӣ, коргардонии филмҳо ва шеърнависӣ майл дорад. Лейла Алиева аз соли 2006 то 2015 бо Эмин Агаларов, овозхони Русия ва Озарбойҷон хонадор буда, аз ин издивоҷ ду писар дорад. Алиева баъди ҷудошавӣ аз ҳамсараш як духтарро ба фарзандхонӣ гирифтааст.