ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Сарраёсати Қӯшунҳои марзии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баъди як рӯзи баҳс дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон қазияро шарҳ додааст. ҚДАМ гуфт, қирғизҳо мехостанд 4 гектар замини Тоҷикистонро аз худ кунанд.
Ёдрас мешавем, 22 май аз баҳси дигаре дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудудҳои Исфара ва Ботканд хабар дода шуд.
Шаҳдории Исфара гуфт, зиёда аз 200 шаҳрванди Қирғизистон ба ҳудуди Тоҷикистон ғайриқонунӣ ворид шуданд.
"Мақсади асосии сокинони маҳалли аҳолинишини Равоти кабуди деҳаи Қаробоғи ноҳияи Боткон азхудкунии заминҳои минтақа мебошад, ки аслан ҳудуди баҳснок набуда, ба марзи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад", - тавзеҳ дода буд шаҳрдорӣ.
Ба иттилои сарраёсати қӯшқнҳои марзӣ, 200 нафар сокинони Қаробоғи Қирғизистон ба то 700 метр марзи Тоҷикистонро убур карда, ба муноқиша пардохтаанд.
"Онҳо талаботи беасосе доштаанд, ки бо сабаби дар қабристони байни деҳаҳои Қӯрғанча ва Қаробоғ дафн шудани наздикону пайвандонашон, ин оромгоҳ ба онҳо тааллуқ дорад. Бо истифода аз ин далел ҷониби Қирғизистон ният дорад, ки ғайриқонунӣ қаламрави қабристонро, ки майдони умумии 4 гектарро фаро мегирад, тасарруф намояд", - тавзеҳ медиҳад КДАМ.
кумита низ таъкид мекунад, ки оромгоҳ дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир буда, ҳатто ба ҳудудҳои баҳснок дохил намешавад.
"Бо мақсади роҳ надодани ба убури ғайриқонунии сокинони деҳаҳои зикршуда ба қаламрави зери посбонӣ қарордоштаи Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии дастаи сарҳадбонии "Исфара"-и Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон барои огоҳӣ ба ҳаво тир холӣ карданд", - афзудааст манбаъ.
Сарҳадбонони ду ҷониб гуфтушунид анҷом дода, феълан вазъ ба эътидол омадааст.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 500 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз боиси сар задани танишҳо миёни сокинони наздимарзӣ мегардад.