Як бор ҷастӣ малахак: Шералӣ Табаров дар Русия ба ҳабси абад маҳкум шуд

Бори аввал дар Русия барои қочоқи маводи мухаддир ҳукми абад содир карданд. Як шаҳрванди Тоҷикистон то охири умр дар зиндонҳои Русия мемонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Додгоҳи вилоятии Маскав як шаҳрванди Тоҷоикистонро барои савдои ғайриқонунии маводи нашъаовар ба ҳукми абад маҳукум кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Русия.

Тавре сухангӯи ВУД Русия Ирина Волк гуфтааст, ин ҳукм дар торихи ҳабси савдогорони маводи мухаддир дар Русия бори аввал аст.

Шералӣ Табаров роҳбари яке аз бахшҳои мафияе буд, ки ҳамдастонаш дар ҳаҷми махсусан калон аз Афғонистон ба воситаи Тоҷикистон ба Русия маводи мухаддир интиқол медоданд.

 Сипас дар Русия маводи мухаддир ба тамоми минтақаҳо тақсим мешуд.

Ҳамчунин, 14 роҳбарон ва иштирокдорони мафия аз 6 сол то 23 сол ҳукм гирифтаанд. Ба гуфтаи Волк, онҳо 20 ҷинояти махсусан вазнин содир кардаанд.

Ёдрас мешавем, ин бори аввал нест, ки Табаров барои савдои маводи мухаддир дастгир ва муҷозот шудааст. Ӯро пештар соли 2003 ба 10 соли зиндон маҳкум карда буданд. Аммо Шералӣ ба Тоҷикистон истирдод мешавад ва пас аз озод шудан бо шиносномаҳои қалбакӣ вориди Русия мегардад.