Як марду чил ҳунар: нахустин барномаи Қадами Қурбон бо Фирӯза Ҳафизова

Дар бахши аввали барномаи "Қадам шоу" овозхон Фирӯза Ҳафизова ширкат кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Овозхон Қадами Қурбон, ки чанд моҳ пеш навори ҳунарнамоиҳояш дар тӯйҳо аввал боиси интиқод ва сипас мақбули корбарони интернет шуд,  ровии барномаи интернетии "Қадам шоу" интихоб гардидааст. Дар ин бора ташкилкунандагони барнома дар саҳифаи 221 SU дар Ютуб хабар доданд.

 

Ғолибан, номи барнома низ аз номи ҳунарманд Қадам гирифта шудааст.

Дар нахустин барномаи "Қадам шоу" овозхон Фирӯза Ҳафизова даъват шудааст.

Бино бар иттилои ташкилкунандагони он, ба барнома шахсиятҳои маъруф даъват карда мешаванд.

Ҷонибек дар бораи ҳунари Шабнам, ранҷидан аз Юлдуз, “вискӣ”, Қадам ва филми урён - навор

Гуфта мешавад, "Қадам шоу" аз шаш бахш иборат буда, дар 3-4 рӯз як маротиба тариқи канали 221 SU дар Ютуб пахш хоҳад шуд.

Пештар Қадами Қурбон бо дастгирии ҳунарманд Ҷонибек Муродов аввалин намоҳангашро пешниҳоди ҳаводоронаш карда буд.

Вақте ҳунарнамоиҳои овозхони ширинкор дар тӯйҳо вориди интернет шуданд, боиси интиқоди бархе аз корбарон гардиданд. Аммо ҳунармандоне чун Олег Фесов ва Ҷонибек Муродов қайд карданд, ки баромадҳои ӯ ҷолибанд.

Баъд аз он ки Қадами Қурбон дар як барнома гуфт, имкони сабти номаҳангро надорад ва Ҷонибек Муродов ваъда дод, ки ба вай як клип ҳадя мекунад. Саранҷом таронаи "Азизам" бо намоҳангаш дастраси корбарон гардид.