Вазорати тандурустӣ омилҳои даст ба худкушӣ задани ҷавононро таҳқиқ хоҳад кард

Ахиран дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон масоили тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми қабули беморон аз хориҷ, вазъи бемориҳои рӯҳӣ ва таҳлили ҳолатҳои худкушӣ дар ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ, иштирокчиёни ҷаласа   вазъи бемориҳои рӯҳӣ ва  ҳолатҳои худкуширо  дар ҷумҳурӣ  таҳлил   намуда, пешниҳод карданд, ки тадбирҳои  пешгирии худкушӣ дар байни ҷавонон тавассути табибони оилавӣ ва равоншиносон пурзӯр карда шуда, омилҳои он мушаххас омӯхта шаванд.

Чаро хонандаи мактаб дар Ашт худкушӣ кард?

“Тибқи натиҷаи таҳлилҳо, дар аксари ҳолатҳо шахсоне ба худкушӣ даст задаанд, ки  дар онҳо  ягон намуди бемории рӯҳӣ  ба қайд гирифта нашудааст”, -таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷаласаи мазкур пешниҳод гардид, ки барои қабулу табобати ҳаматарафаи беморон бояд дар ояндаи наздик чандин  муассисаҳои тиббӣ  бунёд ва ин беморхонаҳо бо мутахассисони соҳавӣ   таъмин гарданд.

Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ дар шуъбаҳои наҷоти кӯдаконаи беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ  ҳисобот дода шуд.

“Дар ин маврид  пешниҳод гардид, ки ба шуъбаҳои эҳёгарии кӯдаконае, ки  ба мутахассисони беҳискунандаи кӯдакон ниёз доранд, аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таълимии тиббӣ мутахассисон барои кори доимӣ фиристода шаванд”, - қайд намудааст манбаъ.

Дар Суғд дар як сол 81 зан даст ба худкушӣ задаанд

Инчунин дар ҷаласаи мазкур рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013  вобаста ба санҷиши дурустии додани варақаҳои корношоямӣ ва муоинаи тиббию иҷтимоии маъюбон дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва беморхонавӣ муҳокима гардид.

Иштироккунандагони ҷаласа зикр намуданд, ки бояд диққати табибон махсусан ба тартиб ва ҳолати додани варақаҳои корношоямӣ ҷалб карда шуда, ҳангоми додани варақаи мазкур ба саҳлангорӣ  роҳ дода нашавад.

Дар ҷаласаи мазкур вобаста ба рафъи камбудиҳо ва  беҳтар сохтани вазъи самтҳои баррасишудаи тандурустӣ қарорҳои дахлдори ҳайати мушовара қабул  гардида, барои иҷрои онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.