Сабти бештар аз 79 ҳазор шаҳрванди бекор дар Тоҷикистон

Дар ҳамин ҳол, дар семоҳаи аввали соли 2019 дар кишвар бештар аз 12,7 ҳазор ҷойи кор ташкил карда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Дар Тоҷикистон то аввалҳои моҳи апрели соли равон 78,6 ҳазор шаҳрванди расман бекорро ба қайд гирифтанд. Дар ин бора Агентии омори назди ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.

Дар ҳамин ҳол, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар бештар аз 12,7 ҳазор ҷойи кор ташкил шудааст.

Тавре манбаъ афзудааст, бештар аз 9 ҳазор ҷойи кории ташкилшуда доимӣ буда, 3 ҳазори он муваққатӣ ва 800 ҷйи он мавсимӣ мебошад.

Асосан ҷойҳои корӣ дар хоҷагии қишлоқ, хоҷаги ҷангал ва моҳидорӣ пайдо шудаанд.

Бино бар маълумотҳои пешниҳодшуда, дар Тоҷикистон аз ҳама маоши пасттаринро коргарони саноати кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ мегиранд. Музди моҳонаи онҳо 63 долларро ташкил медиҳад.