ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Хариди тилло аз сӯи Русия дар се моҳи соли равон, ҳамчун “Нишонаи бад” арзёбӣ мешавад, навиштааст рӯзномаи Daily Express Бритониё дар истинод ба ширкати байналмилалии брокерии BullionVault.
Таъкид шудааст, ки дар се моҳи соли равон Русия захираҳои тиллоашро ба 145,5 тонна расонида аст.
Маскав захираҳои арзиву тиллоашро афзоиш дода, ҳамзамон сармоягузориҳояшро ба коғазҳои қиматноки Амрико коҳиш додааст. Русия талош дорад вобастагиашро аз доллар кам кунад, навиштааст Daily Express.
Манбаъ қайд намудааст, Русия бо хариди тилло мехоҳад худро аз буҳрони эҳтимолии ҷаҳонӣ ҳифз намояд.
“Хариди бузурги тилло аз сӯи ҳукуматҳо ё Бонкҳои марказӣ барои ҷаҳон бештар нишонаи бад арзёбӣ мешавад”, - таъкид кардааст Daily Express дар истинод ба Адриана Эша, роҳбари шуъбаи таҳқиқоти ширкати байналмилалии брокерии BullionVault.
Ба ақидаи Daily Express агар Маскав хариди тиллоро бо ҳамин суръат идома диҳад, метавонад дар феҳрасти кишварҳи дорои захираҳои бузурги тилло Фаронса ва Итолиёро паси сар гузорад ва ба сегонаи кишварҳое дохил шавад, ки дорои захираи зиёди тилло мебошад. Коршинос зикр намудааст, ки ин иқдом метавонад нуфузи Русияро дар арсаи байналмилалӣ беҳтар намояд.
Инчунин манбаъ афзудааст, ки Русия тиллоро ҳамчунин омили дуруст бар зидди маҳдудиятҳои сиёсати Амрико медонад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи Daily Express қайд намудааст, ки Амрико дорои бузургтарин захоири тилло дар ҷаҳон мебошад. Агар Русия хоҳад бо захираи тилло бо Амрико баробар шавад, вай бояд дар муддати 20 соли оянда тамоми тиллоҳоро аз бозорҳои ҷаҳонӣ харидорӣ намояд.