Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Гуфтушунид: таҷаммӯи қирғизҳо ва гилаи тоҷикон аз марзбонони Қирғизистон – аксу видео

Сокинони деҳаи Қара-боқи Қирғизистон бо талаби мондани низомиён дар минтақаи қабристони баҳсӣ ҷамъ шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Сокинони ҷамъомади қирғиз даъво доранд, ки гӯиё марзбонони тоҷик онҳоро ба қабристон барои гӯрондани ҳамдеҳааш роҳ надодаанд, хабар додааст Sputnik Қирғизистон.

Гуфтушунид: таҷаммӯи қирғизҳо ва гилаи тоҷикон аз марзбонони Қирғизистон – аксу видео

“Сокинони деҳа аз он норозиянд, ки марзбонони тоҷик онҳоро ба гӯристон роҳ надодаанд. Онҳо талаб доранд, ки марзбонони қирғиз ин минтақаро нигоҳбонӣ кунанд. Феълан гуфтушунидҳо идома доранд”, - изҳор доштааст Каримбердӣ Қаламбеков, раиси маҳалла ба Sputnik Қирғизистон. Ӯ афзудааст, ки аллакай то нисфи рӯз ҳудуди сад нафар ҷамъ омадаанд.

Гуфтушунид: таҷаммӯи қирғизҳо ва гилаи тоҷикон аз марзбонони Қирғизистон – аксу видео

Дар ҳамин ҳол Иқбол Илёсзода, сухангӯи мақомоти шаҳри Исфара, минтақаи ҳаммарз бо Қирғизистон дар саҳифаи фейсбукияш навори қатори сарҳадбонони мусаллаҳи қирғизро нашр намудааст, ки ба навиштаи ӯ, дар минтақаи ҷамоати деҳоти Лаккони шаҳри Исфара ғайриқонунӣ вориди қаламрави Тоҷикистон шудаанд. Илёсзода ин иқдомро иғвои навбатӣ аз ҷониби Қирғизистон унвон кардааст.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 500 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз боиси сар задани танишҳо миёни сокинони наздимарзӣ мегардад.