Буҷаи Маскав аз ҳисоби патенти муҳоҷирон ба 5,6 миллиард рубл бой шуд

Вебгоҳи Маскав қайд мекунад, ки муҳоҷирон дар соҳаҳое кор мекунанд, ки талабот ба он байни сокинони Маскав кам аст - ин сохтмон ва хизматрасонии коммуналӣ мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Дар чор моҳи равон аз ҳисоби пардохти андози патент аз ҷониби муҳоҷирон ба буҷаи Маскав 5,6 миллард рубл ворид гардидааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Маскав хабар додааст.

Афзун бар ин, дар соли 2018 дар Маркази муҳоҷиратии Маскав ба муҳоҷирон 451,6 ҳазор патент доданд, ки аз ин ҳисоб буҷаи пойтахт бар 17, 4 миллиард рубл бойтар гардидааст.

Вебгоҳи Маскав қайд мекунад, ки муҳоҷирон дар соҳаҳое кор мекунанд, ки талабот ба он дар байни сокинони  Маскав кам аст - ин сохтмон ва хизматрасонии коммуналӣ мебошад.

Се пешниҳоди Раҳмон ба Русия: авфи муҳоҷирон, сабукӣ дар сабти ному гирифтани патент

Пештар раисиҷумҳури Русия зимни ҷаласа дар мавзӯи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Астрахан гуфт, раванди додани патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ба таври иловагӣ омӯхта шавад.

Путин изҳор дошт, ки барои додани патент аз муҳоҷирон бояд иззи ангушт гирифта шавад, аммо чунин имконият дар ҳамаи марказҳои бисёрфунксионалӣ фароҳам нест. Путин аз ҳолатҳое зикр кард, ки муҳоҷирон бо нақзи қонуни будубош Русияро тарк мекунанд, аммо бо тағйири ҳарфе дар шиноснома дубора бармегарданд ва таъкид намуд, ки назорат дар бахш бояд бошад.