Зеленский парлумони Украинаро мунҳал кард

Инчунин Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина пешниҳод намуд, ки масунияти парлумонии вакилонро бекор намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Украина Валдимир Зеленский имрӯз 20 майи соли равон дар шаҳри Киев дар бинои Рада парлумони ин кишвар сурат гирифт.

Владимир Зеленский баъд аз маросими савгандёдкунӣ эълон намуд, ки парлумони кишварро пеш аз муҳлат кард.

Аврупо аз Владимир Зеленский талаб кардааст, ки қарзҳои калони Украинаро баргардонад

“Ман парлумони кишвар, даъвати ҳаштумро мунҳал мекунам. Шараф бар Украина!” – гуфт Зеленский ҳангоми суханрониаш дар парлумон.

Субҳи имрӯз маросими савгандёдкунии президенти Украина баргузор гардид. Владимир Зеленский қасам ёд карду,  сипас раиси суди конститутсионӣ ӯро раисҷумҳури кишвар эълон кард.

Қаблан дар ВАО хабаре интишор шуд, ки Зеленский тасмим дорад 14 июни соли равон интихоботи порлумониро баргузор намояд.

Инчунин, Владимир Зеленский зимни суханронӣ пешниҳод кард, ки масунияти парлумонии вакилон бекор шуда,  қонун дар бораи  роҳандозии ҷавобгарии ҷиноятӣ бораи ҷамъоварии  ғайриқонунии сарват қабул карда шавад.

Ёдрас мешавем, ки Дар даври дуюми интихоботи президентӣ дар Украина, ки 21 апрел сурат гирифт, Петр Порошенко, собиқ раисҷумҳури Украина бо ҳаҷвнигору ҳунарманд Владимир Зеленский рақобат кард.

Владимир Зеленский бо гирифтани беш аз 73,18 дарсад райъ дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд.