Панҷ соли зиндони Абдураҳмонов барои латукӯби 2 зан дар маркази шаҳр

Додгоҳи шаҳри Ҳисор Абдумутолиб Абдураҳмоновро барои латукӯби ду зан дар маркази шаҳр ба 5 соли зиндон маҳкум кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Абдураҳмонов дар шафати бинои “Илҳомбонк” воқеъ дар маркази шаҳри Ҳисор шаҳрвандон Амонова Маъруфа Зайдуллоевна ва Рузиева Зарифа Зиёдуллоевнаро латукӯб кардааст.

Қатли Қиёмиддин Ғозию Шайх Темур бо роҳбарии писари Ҳалимов: эълони номҳо ва ҷузъиёти ошӯб

Манбаъ далелли даст ба ин кирдор задани маҳкумшударо ҳиссиёти авбошӣ гуфтааст.

“Дар натиҷа Амонова Маъруфа Зайдуллоевна зарари миёна ба саломатӣ дар намуди шикасти пӯшидаи ангушти пой бардоштааст”, - иттилоъ дод додситонӣ.

Манбаъ афзуд, аз рӯи ин ҳодиса нисбати Абдураҳмонов бо аломатҳои моддаи 237 қисми 3 банди “в”, барои авбошӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ барои баррасӣ ба додгоҳ равона шудааст.

Додгоҳи шаҳри Ҳисор Абдураҳмоновро дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳкор дониста,  ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.