ДУШАНБЕ,20 май — Sputnik. Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли корбари сомонааш дар бораи додани закот дар моҳи шарифи Рамазон посух додааст.
"Оё додани закот ба хешованде, ки дар маҳбас қарор дорад, ҷоиз аст",-суол додааст Саъдӣ.
"Бародари азиз, додани закот ба ҷуз падару модар ва фарзанду ҳамсар ба дигар хешовандон дуруст аст, агар моли ба нисобрасида надошта бошанд",-омадааст дар посухи Шӯрои уламои Тоҷикистон.
Дастури Озода Раҳмон ба раисон дар бораи садақаи фитр
Ба гузориши Шӯрои уламои Тоҷикистон имсол нисоби закот 20 ҳазор сомонӣ ва ҳаққи фитри рӯза 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Бар асоси муқаррароти Шӯрои уламо имсол муслимини кишварро зарур аст, аз ҳар 20 ҳазор сомонии доштаашон 500 сомонӣ закот диҳанд.
Садақаи фитр ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз, барои касоне, ки тавоноии молии бештар доранд, 48 сомонӣ муқаррар гардид.
Барои соҳибони узри шаръӣ, яъне пиронсолону беморон ва нафароне, ки бо сабаб рӯза дошта наметавонанд, фидяи савм ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз, яъне ҳар рӯз 10 сомонӣ муайян карда шуд.
Моҳи Рамазон 30 рӯз, то 4 июн давом хоҳад дошт ва 5-уми июн дар Тоҷикистон Иди Фитр ҷашн гирифта хоҳад шуд.