Аҳмадзода ба хонаи Каримҷонов ва Бегматова рафт

Раиси вилоят бо Наимҷон Каримҷонов суҳбати самимӣ карда гуфтааст, ки Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди ҷомеаро мунтазам дастгирӣ менамояд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 18 май, зимни сафари кории худ ба ноҳияи Ашт Наимҷон Каримҷоновро аёдат карда, ба ӯ кӯмакпулӣ тақдим кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Раиси вилоят бо Наимҷон Каримҷонов суҳбати самимӣ карда гуфтааст, ки Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди ҷомеаро мунтазам дастгирӣ менамояд.

"Шахсони яккаву танҳо ва маъюбу бепарастор таҳти ғамхории давлат қарор доранд ва онҳо набояд руҳшикаста гарданд",-гуфтааст ӯ.

Вазири фарҳанг ба хонаи Алиризо Раҳмонқулови 90-сола рафт

Наимҷон Каримҷонов дар аснои суҳбат бо ёдоварӣ аз дастгириҳои мақомоти давлатӣ миннатдории худро ба сарвари давлат баён кард.

Сипас, Раиси вилоят ба манзили собиқадори хизмати давлатӣ Гулчеҳра Бегматова ташриф овард.

Тақдими кӯмакпуливу маводи ғизоӣ: Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони маъюбу ятим рафт

Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо собиқадори меҳнат аз нақши шахсони пешқадами ҷомеа дар рушди соҳаҳои гуногун ёдрас шуда, таъкид кард, ки бо роҳбарияти вилоят бо ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон мунтазам аз ҳоли собиқадорон хабар мегирад.