Кор бисёр: ташкили мансабҳои нав дар Тоҷикистон

Дар назар аст, ки дар Тоҷикистон дар се соли оянда мансабҳои нави ёвар ташкил карда шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Мақомоти додгоҳии Тоҷикистон аз афзоиши парвандаҳо ва мутаносибан зиёд шудани сарборӣ болои додрасҳо гузориш медиҳанд.

Ислоҳот бо имзои Раҳмон: сайтҳо фаъол ва кори судҳо ошкоро шавад

Дар барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2021, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имзо кард, зарурати таъсиси мансабҳои ёвари судҳо ба далели афзоиши сарборӣ таъкид шудааст.

“Масъалаи ҷорӣ намудани мансаби ёрдамчии судяи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ дар доираи маблағҳои мавҷуда ва воҳидҳои кории амалкунанда мавриди омӯзиш қарор дода шавад”, - таъкид шудааст дар санад.

Ҳадафи ин иқдом баланд бардоштани самаранокии кори судяҳо, беҳтар гардонидани сифати баамалбарории адолати судӣ, дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ кардани парванда ва муроҷиатҳо арзёбӣ шудааст.

Банди дигари барномаи ислоҳот фаъолсозии сомонаҳои судҳо ва таъмини фаъолияти ошкорои онҳо мебошад. Аз ҷумла таъкид шудааст, ки ошкоро будани муҳокимаи судӣ, дастрасии ҷомеа ба фаъолияти судҳо, кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ  яке аз воситаҳои таҳкими боварии ҷомеа нисбат ба ҳокимияти судӣ мебошад.