"Терминатор 5" : шаллоқи ногаҳонӣ ба пушти Арнолд Швартснейггер-видео

Замони дидори Арнолд бо ҳаводоронаш шахси номаълум ба пушти "терминатор" шатта зад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Аз навор дида мешавад, ки ҳунарманди номдор Арнолд Швартснейггер оромона бо ҳаводоронаш суҳбат мекунаду акс мегирад.

Ногаҳон шахси номаълум ба пушти "терминатор" шаллоқ мезанад. Арнолд ба гурӯҳи ҳаводоронаш бармехӯрад, ба шахси ҳамлакарда бошад дарҳол посбонон, ҳуҷум мекунанд.

Баъдтар Арнолд ин наворро дар саҳифааш дар Instagram ҷой дод.

Маълум шудааст, ки шахси ҳуҷумкардаро дарҳол боздошт кардаанд. Сабаби ҳуҷуми ин мард номаълум мондааст.

Худи ҳунарманд ҷароҳат набардоштааст. 

Тафсилоти бештарро аз навор тамошо кунед.