Криштиану Роналду ба хотири моҳи шарифи рамазон ба мусалмонон 1,5 миллион доллар хайр кард

Ин амали хайрро  футболбози машҳури португалӣ Криштиану Роналду ба хотири моҳи шарифи Рамазон анҷом додааст
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Ситораи тобноки футболи ҷаҳон, бозингари  бошгоҳи  "Ювентус"-и Италия ва дастаи мунтахаби Португалия   Криштиану Роналду барои сокинони Фаластин $1,5 миллион  кӯмак кард, иттилоъ додааст Sputnik Туркия.

Се голи Роналду дар як бозӣ бо тими мунтахаби Испания ӯро машҳуртар кард

Манбаъ афзудааст, ки ин амали хайрро  футболбози машҳури португалӣ ба хотири моҳи шарифи Рамазон анҷом додааст. 

Бояд  зикр  намуд, ки ин ёрии авввалини Роналду барои сокинони кишвари Фаластин нест. Ӯ соли 2012, дар ауксион "Кафши тиллоӣ"-и худро фурӯхта, ба мактаббачагони Фаластини минтақаи Ғаза 1,5 млн евро кӯмак намуда буд.

Инчунин, соли 2014 варзишгар бахшида ба иди Қурбон $2 млн доллар хайр  кардааст.