Олимон омилҳои хатари тавсеаи сактаи мағзиро номбар карданд

Фишори хуни баланд чӣ барои мардон ва чӣ барои занон бисёр хатарнок аст, мегӯянд олимон
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Олимони омилҳои хатари тавсеаи сактаи мағзиро номбар карданд.

Чунрнчи, барои мардон атеросклероз (дарди шарёнҳо), тамокукашӣ, шаробнӯшӣ, синдроми метмболикӣ ва камҳаракатӣ хатари ин бемориро пеш меорад.

Академик Раҳим Масов даргузашт

Барои занон хатари тавсеаи сактаи мағзӣ дар ҳолати гирифторӣ ба  маризии қанд, фарбеҳӣ ва дислипидемия ба миён меояд.

Фишори хуни баланд чӣ барои мардон ва чӣ барои занон бисёр хатарнок аст, мегӯянд олимон.

Аз рӯи маълумотҳои Ташкилоти байналмилалии инсулт, дар як сол 15 миллион одам гирифтор ба сактаи мағзӣ мегарданд, ки 3 миллионашонро беморони дорои фибрилятсия даҳлезчаҳои дил ташкил медиҳанд. Аз ҳама андешаи роиҷ дар бобаби ин беморӣ ин аст, ки сактаи мағзиро чун хунрезии мағзӣ тавсиф мекунанд.

Аммо хунрезии мағзӣ танҳо як навъи инсулт (гемморогӣ ё хунрезидиҳанда) ба шумор меравад. Аз ҳама навъи паҳнгаштаи инсулт бошад, ки дар бештари маврид ба маъюбӣ мунҷар мегардад, инсулти ишемикӣ ба шумор меравад. Дар ин навъи сактаи мағзӣ ҷараёни хун ба мағзи сар қатъ мегардад ва дар натиҷа ҳуҷайраҳои мағзи сар аз норасоии оксижен ба ҳалокат мерасанд.

Ва беморони дорои фибрилятсия даҳлезчаҳои дил 5 маротиба бештар аз дигарон ба сактаи ишемикӣ гирифтор мегарданд. Дар одамони дорои ин иллат, дар натиҷаи кашидашавии номавзуни даҳлезчаҳои дил, лахта (тромб) пайдо шуда, сипас он метавонад ба системи хунгард ва мағз ворид гардад. Баъзеи дигар гумон мекунанд, ки сактаи мағзӣ танҳо ҳангоми вуҷуд доштани бемориҳои дил ба вуқӯ мепайвандад.