Тоҷикистону Узбакистон тасдиқномаи Шартномаи шарикии стратегӣ ба имзо расонданд

Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон 17 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд зимни сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон таёр шуда буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими имзои Протоколи  мубодилаи тасдиқномаи Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбакистон баргузор гардид, иттилоъ додааст агентии "Ховар".

Тоҷикистон бо бонкҳои пешрафтаи Узбакистон шартнома баст

Манбаъ афзудааст, ки санади мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва аз ҷониби Узбакистон Вазири корҳои хориҷӣ Абдулазиз Комилов имзо намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон 17 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд зимни сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон  аз тарафи роҳбарони ду давлати ҳамсоя ба имзо расида буд.

Мутобиқи моддаи 16-и Шартномаи мазкур ин санад аз 17 майи соли 2019  эътибор пайдо кард.