Сел дар роҳи Хуҷанд-Ашт як мошинро чаппа кард

Шоҳидони ҳодиса мусофирони мошинро бо шикастани шишаи он берун овардаанд. Роҳ феълан масдуд аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бар асари боришоти шадиди борон дар ноҳияи Ашт имрӯз, 17 май аз кӯҳи Долона ба роҳи Хуҷанд-Ашт сел фаромадааст. Дар ин бора шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.

Бино бар иттилои онҳо, сели азим як нақлиёти мусофирбариро чаппа намудааст. Хушбахтона, шоҳидон бо шикастани оинаи мошин мусофиронро аз дохили он берун овардаанд.

Обуҳавошиносон аз эҳтимоли сел ва боридани борони шадид дар Тоҷикистон ҳушдор доданд

Феълан, роҳи Хуҷанд-Ашт баста аст, мегӯянд онҳо.

Пештар, ҳавошиносон ҳушдор дода буданд, ки имрӯз дар Тоҷикистон борони шадид, жола, раъду барқ ва дар минтақаҳои кӯҳӣ боришоти барф дар назар дошта шудааст.

"Ҳаво дар вилояти Суғд    абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани  жола низ  дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 14-19  ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 5-10 ва  рӯзона  12-17  дараҷа гарм мешавад", - гуфта мешуд дар иттилоияи агентии ҳавошиносӣ.

Зимнан, тариқи радио ва телевизион дар Суғд ҳушдор дода шуда буд, ки ҳавои номусоид дар назар буда, то 18 май идома меёбад.