Раҳмон: мо ба "доиши"-ҳои бозгаштаамон ҳаёти осоишта фароҳам мекунем

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки корҳо дар самти ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони кишвар, ки фирефтаи ташвиқоту таблиғоти созмонҳои террористӣ гашта, дар  минтақаҳои задухӯрдҳои мусаллаҳона қарор доранд, идома дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ чораҳои ҳамаҷониба меандешад.

Ин нуктаро раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, тибқи қонунгузории амалкунандаи кишвар шахсоне, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо даст кашида, ба Ватан бармегарданд, агар дар кирдори онҳо аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

"Ҳамзамон барои ҳамгироии онҳо ба ҳаёти осоишта мусоидат карда мешавад",-гуфт раисиҷумҳур.

Раҳмон гуфт Тоҷикистон бо ҳадафҳои пасипардагии тундгароён хуб ошно ҳаст

Кишвардор ёдрас шуд, ки аз хориҷи кишвар беш аз 300 нафар шаҳрвандони кишвар, ки ҷиҳати пайвастан ба гурӯҳҳои ҷангҷӯёни  террористиву ифротгаро, бахусус “Давлати исломӣ”, ба минтақаҳои “даргир”-и Ховари миёна рафта буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

"Аз ҷумла, дар охири моҳи апрели соли равон бо саъю талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон 84 нафар кӯдакону ноболиғон, ки ҳамроҳ бо волидайни худ ба Ироқ рафта, дар онҷо бе парастору саробон монда буданд, ба Душанбе баргардонида шуданд",-гуфт ӯ.

Корҳо дар самти ба Ватан баргардонидани дигар шаҳрвандони кишвар, ки фирефтаи ташвиқоту таблиғоти созмонҳои террористӣ ва тундгаро гашта, дар  минтақаҳои задухӯрдҳои мусаллаҳона қарор доранд, ҳамоно идома доранд.