Фоҷиа дар Суғд: марде ҳамсарашро кушту селофанпеч карда гӯронд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марде хабар медищад, ки дар куштори щамсараш дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд айбдор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУД, ҳодисаи куштор 12 октябри соли 2018 рӯх додааст.

Гуфта мешавад, рӯзи 15-уми майи соли 2019, тахминан соати 13:00, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Мастчоҳ ҷасади зани 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шудааст. 

Дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби корандони милитсия шавҳари зани марҳум, марди 54-солаи сокини ҷамоати деҳоти Иван-тоҷик дастгир карда шуд. 

"Номбурда, шаби 11 ба 12-уми октябри соли 2018 дар ҳавлии истиқоматиаш бо ҳамсараш аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, бо чӯбдаст якчанд маротиба ба аъзои баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст",-омадааст дар хабарнома. 

Баъдан, шавҳараш ӯро дар селофан печонида, ба чуқурии 2-метр дар назди ҳавлии истиқоматиаш гуронида, барои рӯйпӯш намудани ҷинояти худ аз болояш ба миқдори 2 мошини боркаш масолеҳи сохтмониро партофтааст. 

Манбаъ афзуда, ки оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.