Тоҷикистон аз 38 кишвар кумаки башардӯстона гирифт

Тоҷикистон дар 4 моҳи соли ҷорӣ кишварҳо ҷаҳон ба арзиши ҳудуди 20 миллион доллар кумаки инсондӯстона дарёфт кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Тайи чор моҳ ба Тоҷикистон беш аз 6,4 ҳазор тонна коло, аз ҷумла, равғани растанӣ, орд, дору ва ғайра ҳамчун кумаки башардӯстона ироа шуд, хабар додааст ТоҷикТА аз қавли Ожонси омори Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ба Русия - 14,8 дарсади кумаки дарёфтшуда, ба Шветсария - 13,9 дарсад, Чин - 5,5 дарсад ва Ҷопон - 3,7 дарсади кумакҳо рост меоянд.

Қаблан гузориш дода шуда буд, ки дар ду моҳи аввали соли равон Узбакистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 160 ҳазор доллар кумаки башардӯстона расондааст.

Дар маҷмуъ теъдоди кишварҳое, ки ба Тоҷикистон соли равон кумаки башардустона ироа намудаанд, 38 адад арзёбӣ мешавад.