"Разбор мехоҳӣ?" ҷанҷоли вакилон Салимбеков ва Музуралиев-видео

Ду вакили шаҳрии Бишкек дар як нишаст ҷанҷол шуданд. Музуралиевро нишастани ҳамкори пешинашон Десятников, ки ёрдамчии раиси комиссия Салимбеков мебошад, дар баробари дигар вакилон ба хашм овард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Ба гузориши Sputnik Қирғизистон, ҷанҷол миёни вакили парлумон Қанотбек Музуралиев ва раиси комиссия оид ба масоили Хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ Ҷумабек Салимбеков сар зад.  Навори ин ҳодиса дар саҳифаи Facebook нашр карда шуд.

Музуралиевро нишастани ҳамкори пешинашон Павел Десятников, ки ёрдамчии Салимбеков мебошад, дар баробари дигар вакилон ба хашм овард. Пештар Десятников дар доштани ду шаҳрвандӣ айбдор дониста шуд. Дар ин росто вакилон тақозо карданд, ки Десятников ба ҷои дигар, ҷое, ки кормандони дастгоҳи парлумони шаҳрӣ мешинанд, гузарад.

"Ӯ ҳамкори мо буд, ман эҳтиром мекунам, вале чаро ӯ дар як миз дар баробари мо мешинад, на дар дигар ҷо? Чаро раиси комиссия ин ҳолатро ба инобат намегирад. Ҳатто агар ӯ ёрдамчии шумо  (Салимбековро дар назар дорад-шарҳ аз идора), бошад ҳам, шумо ҳақ надоред, дар ҷое хоҳед шинонед", — гуфт вакил.

Аз 2 то 5 миллион: даромади кӣ бештар президент, сафир ё сарвазир?

Салимбеков пурсид оё ӯ мехоҳад "разбор кунад" ва илова намуд, ки Десятниковро дар бари вакилон шинонд ва ба ӯ ҳуқуқи суол додан ба кормандони шаҳрдориро ҳам дод.

Музуралиев ҳамоно тақозо мекард, ки Десятников дар ҷои дигар шинонда шавад ва савол ҳам надиҳад. Баландгӯякро гирён карда Салимбеков даъват кард, ки "бас кунанд" ва "шурӯъ накунанд".

Ҷумабек Салимбеков раиси доимии комиссия оид ба масоили Хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ, нақлиёт, алоқа ва сармоягузорӣ мебошад. Ӯ писари вакили пешини парлумон Мамитбой Салимбеков ва ҷияни соҳибкори маъруф Аскар Салимбеков мебошад.