Мирзоев барои порагирӣ маҳкум ва афв шуд

Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе моҳи равон Бахтиёр Мирзоевро дар қаллобӣ гунаҳкор дониста, афв кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳи низомӣ,  Мирзоев Бахтиёр аз моҳи ноябри соли 2015 то 3 августи соли 2016 аз шаҳрванд Ёдгор Бойматов 30 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бо сабаби беморӣ, писараш – сарбози қаторӣ Ҷасурбек Бойматовро пеш аз муҳлат аз хизмати ҳарбӣ ҷавоб медиҳад.

Беҷазоӣ фасодкоронро дар Ҳукумат зиёд кард: Кодекси ҷиноӣ тағйир меёбад

Ба иттилои манбаъ, Ҷасурбек Бойматов дар қисми ҳарбии 2620-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хизмат мекардааст.

“Бойматов Ёдгор дар наздикии қисми ҳарбии 2620-и ҚС КДАМ ба Мирзоев 9000 сомонӣ дода, боқимонда 14 ҳазору 732 сомониро тариқи бонки “Эсхата” ирсол кардааст”, - иттилоъ  дод додгоҳ.

Дар қарор таъкид шудааст, ки Мирзоев маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсии худ сарф намуда, Ҷасурбек Бойматовро пеш аз муҳлат озод накарда, сарбоз соли 2017 хизматро ба итмом расонидааст.

Додгоҳи низомии Душанбе 6 майи соли 2019 Мирзоев Бахтиёр Ғафуровичро дар қаллобӣ ба андозаи махсусан калон гунаҳкор дониста, барояш ҷарима ба андозаи 50 ҳазор сомонӣ бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян таъин кардааст. Додгоҳи низомӣ таъкид кард, ки бар асоси моддаи 3 банди 5 ва 6 қонуни Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 24-уми августи соли 2016 маҳкумшуда Мирзоев Бахтиёр Ғафурович аз адои ҷазои таъингардида озод карда шудааст