Ҷанги беамони ҳамсояҳо барои амборхона: додгоҳ ҳардуро ҳам ба зиндон маҳкум кард - Видео

Мирзохӯҷа Самадов дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста навори ҷанҷолашро бо ҳамсояаш мунташир мекард. Мард ҳамчунин кормандони мақомотро ба порагириву рӯйпӯшкунии ҷиноят муттаҳам кардааст, ки Додситонии кулл ин амали ӯро беасос ва таҳқиромез арзёбӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҳукми зиндони ду ҳамсоя, ки барои истифодаи анборхонаи умумӣ дар бинои баландошёнае дар Душанбе ҷанҷол мекарданд, хабар дод, ки шартан татбиқ нагардидааст.

Пештар як корбари Фейсбук бо номи Мирзоасан Самадов наворҳои ҷанҷолу баҳсашро бо ҳамсояаш мунташир карда буд, ки иддао дошт, нисбати вай, ки маъюб аст, ҷабр мекунанд.

Аммо Додситонии кулл қазияро шарҳ дода гуфтааст, ки ҳарду ҳам барои авбошӣ маҳкум шуданд. Ҳамчунин маълумотҳои паҳнкардаи Мирзохӯҷа Самадов (Мирзоасан Самадов дар Фейсбук - идора) нисбати кормандони Прокуратураи генералӣ бардурӯғ ва таҳқир мебошад.

Бино бар иттилои манбаъ, аз ин ҷанҷоли беамони ду ҳамсояҳо Холмо Ночорова ва Мирзохӯҷа Самадов дар кӯчаи Шамсӣ, бинои 2/4 барои истифодаи анборхона аввал Холмо Ночорова ба ШКВД-2 шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст.

Ба гуфтаи зан, ӯ аз ҳамсояаш Самадов калиди амборхонаро, ки партовҷои умумӣ будааст, пурсон шудааст.

"Самадов М.Н. аз ин ҳолат, ки амборхонаи мазкур танҳо таҳти истифодабарии ӯ қарор дошт ба ғазаб омада, дар ҷавоб бо Ночорова X. аввал ҷанҷол шуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, баъдан аз ҳиссиёти авбошӣ бо бешармии хоса, бо дастонаш узви ҷинсиашро дошта истода, ба Ночорова X., нишон дода, дашномҳои қабеҳи ғайриинсониро нисбати номбурда раво мебинад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Боздошти ҷавони 20-сола дар Ҳисор бо иттиҳоми қасди қатли ҳамшаҳраш

Дар натиҷа Додситонии кул 13 марти соли 2018 нисбати Самадов М.Н. бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои "б,г"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ бо бешармии хоса, ки дар беэътиноии ошкоро нисбати меъёрҳои қабулшудаи одобу ахлоқ ифода ёфтаанд) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардашуда, тафтиши он ба зиммаи прокурори ноҳияи Синои ш. Душанбе вогузор кардааст.

"Новобаста аз ин, Самадов М.Н. ба кирдорҳои ғайриқонунии худхотима набахшида, баръакс ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худро то санаи 30 июли соли 2018 мунтазам идома додааст, ки боиси шикоятҳои пайвастаи ҳамсояаш гаштааст", - менависад Додситонии кулл.

Дар натиҷа, нисбати Самадов М.Н. оид ба се ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Сино ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 2 сол, бо дастрасии моддаи 71 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартан татбиқ накардани ҷазо ва муқаррар кардани 1 сол мӯҳлати санҷишӣ таъин гардидааст.

ВУД: милисаҳо Аминқуловаро таҳқиру нисбаташ зӯроварӣ накардаанд

Ҳамчунин Ночорова, ки бо Мирзохӯҷа ҷанҷол мекардааст, ба авбошӣ муттаҳам шуда, нисбаташ ҷазо дар намудимаҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 5 сол, бо дастрасии моддаи 71 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи шартан татбиқ накардани ҷазо ва муқаррар кардани 2 сол мӯҳлати санҷиш таъин гардидааст.

Аммо Додситонии кулл таъкид мекунад, ки Самадов баробари маҳкум шудан, "боз даст басодир намудани амалҳои ғайриқонунӣ, яъне расонидани хабарҳои бардуруғ ва таҳқири оммавии намояндаи ҳокимият дар воситаи ахбори омма задааст, ки метавонад боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ бо моддаи 346 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тодикистон гардад."