ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, Дмитрий Патрушев, вазири кишоварзии Русия бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон меояд.
Тибқи иттилои манбаъ, сафари вазири кишоварзии Русия ба вилояти Хатлон 16 майи соли равон анҷом хоҳад ёфт. Зимни сафари корӣ вазири кишоварзии Русия, бо роҳбарияти вилоят мулоқот хоҳад кард.
Инчунин ҷонибҳо дар бораи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди маҳсулот ва дигар масъалаҳои меҳварӣ табодули назар мекунанд.
Дар доираи сафари мазкур вазири кишоварзии Русия аз гармхонаҳои мавсимӣ, боғҳои меваҳои гуногун, майдонҳои кишти сабзавот ва полезӣ, гармхонаҳои лимӯпарварӣ дар ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон боздид хоҳад кард.