Коротченко: Шойгу бо Шералӣ Мирзо масоили мустаҳкамгардонии қувваҳои мусаллаҳро мебинанд

Игор Коротченко, коршиноси низомӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Натсионалная оборона” дар бораи хусусиятҳои муҳими корҳои низомие, ки дар назди Тоҷикистону Русия истодаанд, шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Сергей Шойгу дар охирҳои моҳи майи соли ҷорӣ бо сафари корӣ аз Тоҷикистон дидан мекунад. Мувофиқи нақша ӯ бо Вазири мудофиаи Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.

Коротченко: Шойгу бо Шералӣ Мирзо масоили мустаҳкамгардонии қувваҳои мусаллаҳро мебинанд

Коротченко бар он аст, ки масъалаи асосии ин мулоқот барои ҳарду ҷониб ин хавфи афзоиши ифротгароӣ дар Тоҷикистон ва пайдошавии террористон дар кишварҳои пасошӯравӣ мебошад.

Ҳамчунин барои ҳарду кишвар масъалаи мустаҳкамгардонии иқтидори ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Русия дастгирӣ меёбад, муҳим мебошад.

Чаро Шойгу ба Тоҷикистон меояд?

“Барои ҳамин дар ҳоли ҳозир Русия ба Тоҷикистон кумаки техника ва дигар лавозимотҳои низомии ройгонро амалӣ кардаистодааст. Ҳамчунин дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-ум ва  маҷмааи назорати кайҳонии “Окно”-и Русия, ки барои суботи ҳарду кишвар фаъолият мекунад, ҷойгир шудаанд. Тахмин меравад ин маҷмааҳо, низ дар рӯзномаи ҷаласаи сафари Шойгу ба Тоҷикистон шомил шаванд”, - ба Sputnik Тоҷикистон гуфт коршинос.

Ғайр аз ин вай қайд мекунад, ки ҷонибҳо метавоанд масъалаи тайёр кардани мутахасисони низомии тоҷикро дар донишгоҳҳои ҳарбии Русия баррасӣ намоянд. Дар навбати аввал хоҳишмандон ба омӯзиш дар ҳарду кишвар дар заминаи Омӯзишгоҳ ва Академия низомии Русия миёни афсарон ва генералон зиёд аст.