Чаро Шойгу ба Тоҷикистон меояд?

Интизор меравад Сергей Шойгу, вазири дифои Русия зимни сафараш ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ намояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik.  Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом хоҳад дод, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

“Сафари вазири дифои Русия дар охири моҳи май сурат мегирад”, таъкид намудааст манбаъ.

Шойгу: Русия пойгоҳи низомии худро барои пас задани ҷангҷӯёни афғон омода мекунад

Қарор аст, Сергей Шойгу зимни сафари кориаш ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дидору гуфтугӯ кунад.

Инчунин, вазири дифои Русия тасмим дорад бо ҳамтои тоҷикаш Шерали Мирзо низ мулоқот намояд.

Зимни дидору гуфтугӯҳо бо мақомоти Тоҷикистон масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи низомии ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.  

Сергей Шойгу зимни сафари кориаш ба Душанбе ҳамчунин аз пойгоҳи низомии 201-уми кишвар дар Тоҷикистон дидан хоҳад кард.