Вазирону амирон ва 200 рӯзноманигори дунё фардо ба Душанбе меоянд

Интизор меравад, ки конфронси мазкурро беш аз 200 рӯзноманигори хориҷӣ бозтоб кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Рӯзҳои 16-17 майи соли 2019 дар  Душанбе Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла интиқоли маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ» баргузор мегардад.

Ба иттилои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, чорабинии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ доир мегардад.

Интизор меравад, ки дар чорабинии мазкур вазирони корҳои хориҷӣ, роҳбарони мақомоти масъули мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмию таҳқиқотӣ ва корпуси дипломатӣ иштирок кунад.

"Дар маҷмӯъ, намояндагони 50 кишвар ва беш аз 27 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ дар он ҳамоиш ширкат хоҳанд намуд",-омадааст дар хабарнома.

Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе: дар пойтахт сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноблиғон коҳиш ёфт

Ҳадафи Конфронс таҳкими  ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муайян кардани усулҳои самараноки мубориза бо маблағгузории терроризм, табодули донишу таҷриба дар ин самт, ҳамчунин мусоидат ба  муҳокимаи коршиносон дар мавриди вокуниш ба шаклҳои тағйирёбандаи маблағгузории созмонҳои террористӣ мебошад.

Конфронси мазкурро беш аз 200 рӯзноманигори хориҷӣ бозтоб хоҳад кард.