Умедро барои маводҳои ифротиаш дар интернет ба 50 сол аз Русия депорт карданд

Ҷавони тоҷик дар интернет маълумотҳоеро паҳн мекард, ки фаъолияти ташкилотҳои террористии байналмилалиро ҷонибдорӣ мекарданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Дар шаҳри Алдани ҷумҳурии Ёқутистони Русия зодаи  Тоҷикистонро барои паҳн кардани маводҳои дорои хусусияти ақидаҳои ифротӣ ба 50 сол аз Русия депорт ва аз шаҳрвандии кишвар маҳрум кардаанд.

Раёсати ФСБ дар ин вилоят муайян кардааст, ки Умед Каримов ном ҷавони тоҷик, ки шаҳрвандии Русияро ба даст оварда будааст, дар интернет сабти овозии маводҳои дорои хусусияти ақидаҳои ифротӣ доштаро паҳн мекардааст.

Афзун бар ин, ӯ шунавандагонашро ба "ҷиҳод" даъват мекардааст.

Бино бар иттилои Раёсати ФСБ Русия, дар натиҷа Умед Каримовро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва ба 50 сол аз Русия депорт карданд.