Намунаи ибрат: раиси вилоят шахсан ба аёдати ҷавони маъюб рафт - Акс

Ӯ пас аз мулоқот бо ҷавон ва наздиконаш ба масъулин дастур дод, ки пизишкони вилоят ин ҷавони умедбахшро ба табобат фаро гиранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони умедбахш Ҳасан Шерматовро айёдат намуда, бо Рӯзи ҷавонон табрик кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилоят.

Гуфта мешавад, Аҳмадзода бо раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бохабар шудан аз вазъи зиндагии ҷавонони маъюбу камбизоат ба манзили сокиники кӯчаи Озодӣ 198/11 Ҳасан Шерматов ташриф оварда, мавриди аёдат қарор дода, бо фарорасии Рӯзи ҷавонон таҳният гуфтанд.

"Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати тавонбахшӣ ва солимии ҷавонони умедбахш Ҳасан Шерматов аз ҷониби табибони ҳозиқи вилоят тадбирҳои мушаххас андешида шавад", - менависад манбаъ.

Бобо ва модаркалони Ҳасан Шерматов ва худи ӯ аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, сипосгузор гаштанд.

Пештар раиси вилоят дар арафаи иди Ғалаба ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд рафта буд.