Трамп дар Касри сафед ифтор дод

Зимни баргузории ифтор Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико суханронии кӯтоҳ карда, тамоми мусалмонони ҷаҳонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табирк кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 13 май дар Касри сафед ифтор дод, иттилоъ додааст хабаргузории Global News.

Барои ифтор ба Кохи сафед сафирони баъзе аз кишварҳои иломӣ даъват шуданд. Дар ифтор софирони Арабистони Саудӣ, Урдун, Миср, Туркия, АМА, Тунис, Ироқ, Қатар, Баҳрайн, Марокаш, Алжир ва Ливия иштирок намуданд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони ҷамъияти мусалмонони Амрико дар ифтор иштирок надоштанд. Дар ифтори мазкур Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико сунронии кӯтоҳ карда, тамоми мусалмонони ҷаҳонро барои фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфт.

“Рамазон ин моҳи шариф барои мусалмонони Амрико ва тамоми ҷаҳон аст”, - гуфт Трамп.

Ёдрас мешавем, ки роҳбари амрико дар Қасри сафед соли дувум аст, ки ифтор медиҳад.

Ифтор ин бегохӣ ба анҷом  расидани вакти рӯза ва дар ин вакт таом хӯрданро – Ифтор мегӯянд.