Чин ба милитсияи Душанбе мошину таҷҳизот дар ҳаҷми зиёда аз 2 млн. сомонӣ тақдим кард

Ҳайати намояндагони Департаменти бехатарии шаҳри Нанкини Чин ба Тоҷикистон мошину таҷҳизот дар ҳаҷми зиёда аз 2 млн. сомонӣ тақдим намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik.  Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳайати меҳмонон аз Чин таҳти роҳбарии Сун Тсзяню сардори Департаменти бехатарии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су, ба раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо фаъолият ва шароити кории кормандони милитсияи пойтахт шинос шуданд.

Намояндагони Чин аз НБО “Норак” дидан карданд

Тавре манбаъ қайд намудааст , ҷонибҳо дар бинои Раёсат мулоқоти дуҷониба доир намуда, масоили ҳамкории дуҷониба байни мақомоти пулиси ин шаҳр бо милитсияи шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд.

“Дар ҷараёни он ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубориза зидди ҷинояткорӣ, баргузории чорабиниҳои профилаткикӣ-фаҳмондадиҳӣ, таҳким бахшидани робита бо мардум, вазъи садаманокӣ ва роҳу усулҳои пешгирии он байни ҳам мубодилаи афкор намуда, оиди дар амал татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҳамдигар дар самтҳои болозикргардида гуфтугӯ намуданд”, - зикр намудааст манбаъ.

Чин ба милитсияи Душанбе мошину таҷҳизот дар ҳаҷми зиёда аз 2 млн. сомонӣ тақдим кард

Пас аз мулоқот, ҳайати Чин ҳамчунин ёрии техникӣ, ки иборат аз 1 адад микроавтобус, 1 адад автомашинаи сабукрав (ҶИП) ва дигар воситаҳои техникӣ ва мухобиротӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 млн. сомониро ташкил медиҳад, ба роҳбарияти милитсияи шаҳри Душанбе намоиш дода, дар маросими тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти политсияи шаҳри Нанкин ба роҳбарияти милитсияи шаҳри Душанбе расман супорида шуд.

Ҷониби Чин зимни зимни тақдими техникаву мошинҳо қайд намудааст, ки ингуна ёрии техникӣ барои милитсияи шаҳри Душанбе дар оянда низ идома хоҳад ёфт.