Вазири фарҳанг ба хонаи Алиризо Раҳмонқулови 90-сола рафт

Алиризо Раҳмонқуловро аҳли фарҳанги кишвар ҳамчун роҳбари ташаббускор‚ шахсияти пуркор ва инсони наҷиб мешиносанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, сардори раёсати санъати Вазорат Мирзоолим Саидов, мудири Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Лутфулло Давлатзода рӯзи 10 май ба аёдат ва табрикоти Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Раҳмонқулов, ки ба синни мубораки 90 расидааст, рафтанд.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки вазири фарҳанг аз номи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми аҳли фарҳангу ҳунари кишвар Алиризо Раҳмонқуловро бо ҷашни камолоти умр сидқан табрику таҳният гуфта‚ сиҳативу саломатӣ, бахту саодат, хотирҷамъӣ ва муваффақиятҳои навро барояш таманно намуд.

"Алиризо Раҳмонқуловро аҳли фарҳанги кишвар ҳамчун роҳбари ташаббускор‚ шахсияти пуркор ва инсони наҷиб мешиносанд ва эҳтиром менамоянд",-омадааст дар хабарнома.

"Суҳроб"-и синамои тоҷик-Ҳошим Гадо 82 сола шуд

Фаъолияти давлативу ҷамъиятии ӯ дар мансабҳои масъулиятнок, аз ҷумла дар вазифаи директори Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев барои рушди минбаъдаи соҳаи фарҳанг заминаҳои устуворро ба вуҷуд оварда буд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Алиризо Раҳмонқулов дар ҳайати бригадаҳои санъаткорони тоҷик ба хати фронт рафта‚ дар назди аскарони Армияи Сурх баромадҳо карда‚ санъати касбии тоҷикро муаррифӣ намудааст.

Вазири фарҳанг ба дидорбинии Ҳошим Гадо рафт

Алиризо Раҳмонқулов имрўз ҳам дар сафи пешқадамони соҳа ҷой дошта‚ очерку лавҳаҳои пурмуҳтаворо аз ҳаёт ва фаъолияти ҳунарпешаҳои барҷаста иншо менамояд ва дар мақолаҳои худ масъалаҳои мубрами соҳаро мавриди баррасӣ қарор дода‚ барои муаррифии фарҳанги волои тоҷик заҳмати зиёд ба харҷ медиҳад.

Хидматҳои шоистаи ӯ бо яқ қатор мукофотҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон‚ аз он ҷумла унвони Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудааст‚ ки боиси ифтихори аҳли фарҳанг аст.