Коҳиши қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон

Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон, ки ҳафтаҳои ахир то 0,150 сомонӣ боло рафта буд, оғози ҳафтаи равон 0,1445 сомониро ташкил медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби миёнаи фурӯши 1 рубли нақд дар муассисаҳои молиявии кишвар аз 0,1445 то 0,1465 сомониро ташкил медиҳад.

Раҳмон хоҳиши раиси Кумитаро рад кард: Кодекси андоз нав мешавад

Ба иттилои ин ниҳод, қурби миёнаи фурӯши як доллари нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ аз 9,4397 то 9,4400 сомониро ташкил медиҳад. Аммо корафтодагон мегӯянд, бо ин нарх долларро дар муассисаҳо пайдо намудан амри муҳол аст ва қурби воқеии асъор болотар мебошад.

Дар ҳамин ҳол Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки берун аз идораҳои бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ буда, риоя накардани ин меъёр ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.

БМТ қурби расмиро дар бозори ғайринақдӣ барои имрӯз чунин муқаррар кардааст:

“Як доллари ИМА — 9,4397 сомонӣ, 1 евро – 10.6093 сомонӣ, 1 рубли русӣ — 0.1445 сомонӣ”, - таъкид шудааст дар арзномаи Бонки миллӣ.