Эрон ба ҳар як ҳаракати Амрико ҷавобҳои ҷиддӣ ваъда кардааст

Ҷон Болтон, мушовири президенти Амрико оид ба амнияти миллӣ ҳафтаи гузашта эълон кард, ки ИМА гуруҳи зарбазани ҳавоии “Авраам Линколн” ва гуруҳи тирандозҳои фавриашро ба соҳилҳои Эрон раҳсипор кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Эрон ба “сари” Амрико зарба хоҳад зад, агар аз ҷониби мақомоти ИМА ягон ҳаракатҳои ҷангӣ пешбинӣ шавад, гуфтааст генерали Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ Амир-Алӣ Ҳоҷизода. Гуфтаҳои ӯро телешабакаи Al Arabia овардааст. 

Ҷавод Зариф: ҷанг бо Эрон барои ИМА баробари худкушист

 “Агар амрикоиҳо ҳуҷум кунанд, мо ба сари онҳо зарба хоҳем зад”, - қайд кардааст генерал.

Вай қайд кардааст, ки мавҷудияти низомиёни амрикоӣ дар ин минтақа таҳдидҳои зиёд ба бор овардаанд. Аммо феълан “таҳдид ба имконият табдил ёфтааст”, қайд кардааст Амир Алӣ Ҳоҷӣ.

Ҷон Болтон, мушовири президенти Амрико оид ба амнияти миллӣ ҳафтаи гузашта эълон кард, ки ИМА гуруҳи зарбазани ҳавоии “Авраам Линколн” ва гуруҳи тирандозҳои фавриро ба соҳилҳои Эрон раҳсипор кардааст. Ба гуфтаи ӯ "ин як ҳушдорӣ ба Эрон аст. Ва ҳар як ихтилофи Эронро нисбати манфиатҳои Амрико зарбаҳои шадиди ҷавобӣ интизор хоҳад буд”.

Ёдовар мешавем, ки низоъҳои зенрин баъди эълоне аз ҷониби мақомоти Эрон дар бораи “тасмими иҷро накардани баъзе уҳдадориҳо” дар доираи созишнома дар бораи барномаи ядроӣ, сар заданд.

Роҳбари Эрон Ҳасан Руҳонӣ, низ эълон карда буд, ки ба кишварҳои Аврупо барои барпо намудани гуфтушунидҳо 60 рӯз муҳлат медиҳад. Маълумотҳои дахлдор ба Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Чин ва Русия низ пешкаш карда шудаанд.