Ҳунарманди тоҷикро барои нақзи қонуни танзим 583 доллар ҷарима карданд

Тошов моддаи 14 қонуни танзимро, ки бидуни тавофуқ “тӯйгузаронӣ”-ро манъ мекунад, нақз кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik.  Бахтовар Тошов, ҳунарманди маскуни шаҳри Турсунзода ба ҷурми нақзи қонуни “Дар бораи танзими суннат, ойин ва маросимҳо” ҷарима шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба иттилои додситонии кулли Тоҷикистон, Тошов дар як ҷашни арӯсӣ бидуни тавофуқи марбута ҳамчун хонанда ширкат кард.

Ӯ дар ин арӯсӣ 2 соъат суруд хондааст. Гуфта мешавад, ки Тошов моддаи 14 қонуни танзимро, ки бидуни тавофуқ “тӯйгузаронӣ”-ро манъ мекунад, нақз кардааст.

Бо тасмими додгоҳи Турсунзода ҳунарманд 5,5 ҳазор сомонӣ (583,2 доллар) ҷарима шуд.