Нахустиин мулоқоти роҳбарони ширкатҳои ҳавоии Осиёи марказӣ дар Душанбе баргузор мешавад

Вохӯрии мазкур бо ибтикори ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар ҳамкорӣ бо Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik.  Душанбе мизбони нахустин вохӯрии роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Осиёи Марказӣ оид ба масоили рушди авиатсияи граждании минтақа  мегардад.

"Сомон эйр" аз ширкати кореягӣ таҷҳизоти нав хоҳад харид

Вохӯрии мазкур бо ибтикори ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар ҳамкорӣ  бо Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IАТА) гузаронида мешавад. 

Интизор меравад, ки  дар вохӯрӣ роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии "Сомон Эйр" (Тоҷикистон), "Эйр Астана" (Қазоқистон), "SCAT"(Қазоқистон), "QAZAQ Air" (Қазоқистон), "Uzbekistan Airways" (Ӯзбекистон) ва "Авиа Траффик" (Қирғизистон) ширкат варзида, намояндагони Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ ба ҳайси нозирону коршиносон ҳузур хоҳанд дошт.

Ташаббускори вохӯрии мазкур — ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" алҳол муваффақона парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб,  Туркия, Чин,  Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои навъи Боинг 737-300, 800 ва 900 иборат мебошад.