Боз борон: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш ва базан раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11-13 ва рӯзона 29-31 дараҷа гарм мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавотағйирёбанда шуда,дар баъзе ноҳияҳои  кӯҳӣ боридани бороникӯтоҳмуддат дар назар аст.  

Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба "Ховар" хабар доданд, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 7-12 ва  рӯзона 21-26  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  1-6 дараҷа сард шуда, рӯзона  10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат  меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 13-18  ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 5-10 ва  рӯзона  17-22  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11-16  ва   рӯзона 24-29 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда ва бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рўзона 27-32  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва  рўзона 21-26  дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш ва базан раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 11-13 ва рӯзона 29-31  дараҷа гарм мешавад.