Телефонро маҷбурӣ гирифту ғайб зад, гумонбари дуздӣ дастгир шудааст

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солае бо гумони ғоратгарӣ дастгир гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ғорат намудани телефони мобилии “Самсунг-Галакси С-6” дар шаҳри Ҳисор хабар додааст.

Ғоратгарӣ дар бозори "Панҷшанбе"

Манбаъ афзудааст, ки ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор аризаи духтари 17-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки рӯзи 7-уми майи соли 2019, тахминан соати 10:00, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Ҳисор “Шоҳин” ном шахси номаълум бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Галакси С-6”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри мазкур бо гумони ғоратгарӣ дастгир гардида, далели шайъӣ гирифта шуд. 
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.