"Суҳроб"-и синамои тоҷик-Ҳошим Гадо 82 сола шуд

Ҳошим Гадо ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Иттиҳоди Шӯравӣ ва дорандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ имрӯз 10-уми майи соли 2019, 82-юмин солгарди мавлудашро таҷлил мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Имрӯз Арбоби ҳунари Тоҷикистон, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳошим Гадо зодрӯз дорад.

Ҳошим Гадо, беш аз 50 сол дар хидмати фарҳанг қарор дошта, дар синамо беш аз сад нақш офаридааст ва ҳамчун Сӯҳроби синомаи тоҷик дар Тоҷикистон ва берун аз он машҳур аст.

Ҳошим Гадо соли 1937 дар Кӯлоб таваллуд шуда, аз маъруфтарин ҳунармандони кишвар аст.

Эътирози Ҳошим Гадо: муроҷиат ба мансабдорон аз Шамсиддин Орумбекзода то Рустам Эмомалӣ

Ҳунарманд, соли 1960 Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи Луначарскийро хатм карда, дар замони  Шӯравӣ унвони Ҳунарпешаи мардумиро соҳиб гардида буд.

Ҳошим Гадо дар соли 1973 барои нақши Сӯҳроб дар филми "Рустам ва Сӯҳроб" ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро дарёфт кардааст.

Ӯ нақши Фердинан, Ҳамлет, Хлестаков, Исмоили Сомонӣ ва Эдипро бозидааст.

Соли 2008 намоишномаи "Рӯдакӣ"-ро офарида буд.

Соли 2017 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин ҳунарпешаи номдорро дар рӯзи зодрӯзаш бо унвони "Арбоби ҳунари Тоҷикистон" сарфароз кард.

Ҳошим Гадо пас аз мулоқот бо раисҷумҳур гуфт, ки "Эмомалӣ Раҳмон ӯро дубора эҳё кард".

"Ман дар тӯли 55 сол, чӣ дар театр ва чӣ дар кино, бештар нақшҳоеро иҷро кардаам, ки дар он маро мекушанд. Имрӯз дар ҳаёти ман рӯзест, ки Ҷаноби олӣ маро аз нав эҳё кард, маро зинда кард", — изҳор дошт Ҳошим Гадо.

Ҳошим Гадо муаллифи чандин китоб, аз ҷумла “Розҳо”, “Асо”, “Танҳо” ва... “Кунҷ” мебошад.

Пештар Ҳошим Гадо дар як суҳбаташ бо шабакаҳои иҷтимоӣ гила карда буд, ки 10-20 сол шуд, ки ба мақомдорон дар масъалаи нафақааш муроҷиат кардааст.

Ҳукумат таъини нафақаи махсус барои Ҳошим Гадоро баррасӣ дорад

“Муроҷиат кардам, ки оё Артисти халқии Тоҷикистон, Артисти халқии СССР, дорандаи Ситораи Президент 700 сомонӣ нафақа гирифтанаш дуруст аст? 60 сол дар театру кино барои халқи тоҷик хизмат кардам, 40 сол дар донишкадаи санъат дарс гуфтам ва 200 ҷилд китоб мунташир кардам. То аз дастам омад ба халқи тоҷик хизмат кардам. Барои чӣ солҳои дароз ман муроҷиат мекунаму нафақаи ман каме боло намешавад?", - суол гузошт Ҳошим Гадо.