ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Ба иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.
Чатр кӯмак накард: роҳпаймоёни "Ҳанги ҷовидон"-и Маскав ҳама тар шуданд-видео
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рўзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва рўзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш мешавад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10-12 ва рӯзона 30-32 дараҷа гарм мешавад.