Рустам Эмомалӣ ба Душанбе троллейбусҳои замонавӣ овард

Троллейбусҳои муосир бо ғунҷоиши то 90 мусофир, аз 22 ҷойи нишаст, лавҳаҳои иттилоотӣ, воситаҳои огоҳкунӣ аз ҷониби мусофирон дар дохил ва беруни он, низоми мушоҳидавии дохилӣ бо 8 адад камера иборат аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Бо ширкати раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии троллейбусҳои муосири тамғаи 3321 00 D, ки аз Белорус дастрас гардидаанд, баргузор шуд.

Ба иттилои шаҳрдорӣ, воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии барқӣ, бо ибтикори Рустам Эмомалӣ дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ – 2019-2021» харидорӣ гардидааст.

Аз роҳандозии троллейбус то гардиши мева: Тоҷикистону Русия наздиктар мешавад

"Ин навъи троллейбусҳои муосиру замонавӣ дар минтақаи Осиё Марказӣ бори аввал ба шаҳри Душанбе оварда шудааст",-омадааст дар хабарнома.  

Гуфта мешавад, ки троллейбусҳои муосир дар ширкати «Белкоммунмаш»-и Белорус истеҳсол гардида, аз лиҳози харҷи камтари нерӯи барқ, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҳаракат дар тамоми ҳолату шароити шаҳр аз тамғаҳои қаблӣ  бартарият дорад.

Троллейбусҳо бо истифода аз технологияи пешрафта истеҳсол гардида, дорои муҳаррики қувваи ҷараёни тағйирёбандаи қабулкунанда ва батареяҳои литий барои захираи нерӯи барқ мебошад, яъне ҳангоми ҳаракат тавассути ноқил троллейбус дар таҷҳизоти худ нерӯи барқро захира намуда, дар ҳолати зарурӣ то масофаи 15 -20 километр бе ноқил ҳаракат намояд. 

Раиси шаҳри Душанбе ба масъулин дастур дод, ки баҳри дар оянда ворид намудани чунин воситаҳои нақлиёти муосири мусофиркашонӣ ва таҷдиди парки троллейбусҳо чораҷӯӣ карда, дараҷаи тахассуси касбии ронандагон тавассути курсҳои бозомӯзӣ баланд бардошта шавад.

Тоҷикистон ва Белорус масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ намуданд

Троллейбусҳои муосир иқтидори ғунҷоиши то 90 нафар мусофирро дошта, аз 22 ҷойи нишаст, лавҳаҳои иттилоотӣ, воситаҳои огоҳкунӣ аз ҷониби мусофирон дар дохил ва беруни он, инчунин низоми мушоҳидавии дохилӣ бо 8 адад камера иборат аст, ки барои фаъолияти ронандагон қулай мебошад.

Ҳамчунин барои даромаду баромади мусофирон дар он низоми «книлинг» насб гардидааст, ки дар ҳолати зарурӣ даромадгоҳи троллейбус ба воситаи дастгоҳи идоракунӣ аз ҷониби ронанда паст ва баланд карда мешавад.

Барои нафарони дорои имкониятҳои маҳдуд дар даромадгоҳи мобайн таҷҳизоти «аппарел» насб гардидаст, ки тавассути он даромадгоҳ то сатҳи лозима поёну боло карда мешавад.

Дар ҷараёни боздид ба масъулини дахлдор супориш дода шуд, ки троллейбусҳои нав дар давоми 6 моҳи аввал ба таври озмоишӣ истифода бурда шаванд.

Манбаъ афзуда, ки йни замон дар 7 хатсайри троллейбусии шаҳри Душанбе 87 адад воситаҳои нақлиёти барқии корхона ба мусофирон хизмат мерасонанд.