Чаро хонандаи мактаб дар Ашт худкушӣ кард?

Иллати даст ба худкушӣ бурдани хонандаи мактаб барои коллективи омӯзгорони мактаб ҳам то ҳанӯз норӯшан ва муаммо аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputniк. Баъди ҷустуҷӯ ва такопӯи зиёд, падару модар писари худ Д. А. хонандаи синфи 11-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 61 дар ҷамоати деҳоти Понғоз дар ноҳияи Аштро аз боми хона пайдо намуданд, ки он ҳам беҷон ва дар ресмоне овезон буд.

Дар Суғд дар як сол 81 зан даст ба худкушӣ задаанд

Фиғони пайвандон аз ин ҳолат ҳамаҷоро такон дод. Ин воқеа бегоҳи рӯзи 29 -уми апрел рӯх додааст ва онро мақомоти милисаи ноҳияи Ашт ҳам ба қайд гирифтааст. Иллати даст ба худкушӣ бурдани хонандаи мактаб ба ҷуз пайвандон, барои коллективи омӯзгорони мактаб ҳам то ҳанӯз норӯшан ва муаммо аст.

Маъмурони мактаб иброз намудаанд, ки Д. А. аз шумори хонандаҳои фаъол буд ва бо баҳои хуб таҳсил карда, дар корҳои ҷамъиятӣ низ ҳамеша аз худ фаъолнокӣ нишон медод ва боре аз ягон чиз шикоят намекард. Аммо чаро даст ба ин ҳодиса зад?, барои онҳо муаммо аст. Д. А. хонандаи 18 солаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 61 и ноҳияи Ашт буд ва ҳамроҳ бо волидонаш дар деҳаи Хиштхонаи ноҳия зиндагӣ мекард.

Наҷоти духтари 27-сола, ки мехост дар дарёи Сир худкушӣ кунад

Дар ҳоле худкушии ин хонандаи мактаб, барои пайвандону омӯзгорони мактабаш номаълум аст, ки чанде пеш як дигар ҳодисаи худкушӣ ва он ҳам аз сӯи хонандаи мактаб дар ин ноҳия ба қайд гирифта шуда буд. Дар моҳи марти соли ҷорӣ як хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 51 и ноҳия Ашт бо роҳи худовезӣ даст ба худкушӣ задааст.

Бино ба иттилоъи манбаъ аз мақомоти қудратӣ дар чор моҳи соли ҷорӣ 8 ҳодисаи худкушӣ дар ноҳияи Ашт ба қайд гирифта шудааст, ки 4 ҳолати он ба ҳисоби Д. А. ноболиғону хонандаҳои мактаб будаанд. Зимнан таҳқиқи ин ҳама ҳодисаҳоро прокуратураи ноҳияи Ашт пеш мебарад.