Акимбеков бо М.One, гурӯҳи Авесто ва Баҳром Ғафурӣ дар Маскав "БАЗМ" меороянд

Аслишо Акимбеков ҳадаф дорад бо проекти нави "BAZM" сарояндагони манотиқи гуногуни дунёро гирди ҳам орад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputniк. Аслишо Акимбеков-ҷавони фаъоли тоҷики муқими Маскав, бо тарҳи нав, зери унвони "BAZM" дар пойтахти Русия ҷашнвораи бузурги мусиқӣ бо ширкати беш аз даҳ ситораи эстрада ва олами рэп баргузор мекунад.

Дар ин бора Акимбеков ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ҷашнвора таҳти унвони "Станция Душанбинская" (Истгоҳи Душанбе) дар толори консертии "Vegas City Hall“ баргузор хоҳад шуд.

"Чун Душанбе пойтахти Тоҷикистон аст ва ҳамаро ба ҳам меорад, мо низ ҳадаф дорем сарояндагони миллатҳои гуногунро дар Маскав дар "Истгоҳи Душанбе" ба ҳам биёрем. Як далели дигари интихоби ин унвон пешниҳод ба шаҳрдории Маскав аст, ки мехоҳем истгоҳеро дар метрои Маскав ба номи "Душанбинская" гузоранд",-тавзеҳ дод Акимбеков.

Ҷашнвораи мусиқии Маскав, рӯзи 9 июни соли 2019 дар толори консертии "Vegas City Hall“ соати 17:00 баргузор мешавад.

Дар ҷашнвора гурӯҳи Авесто, Абдулкарим, Дамирбек Олимов, Джон Даллер, Хайём Хаёлбеков, Согдиана, M.One, Natan, Кilla Voice, Витто Ягмуров ва Баҳром Ғафурӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Аслишо Акимбеков дар Наврӯз овозхонони Қафқозро ба Душанбе мебарад

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар барномаи консертӣ ҳунарнамоии ансамблҳои рақсӣ дар наар аст.

Аслишо Акимбеков барои ҳамаи онҳое, ки барои баргузории ин ҷашнвора саҳм гузоштаанд ва ба вижа ба Табриз Шаҳидӣ ва Навруз Усмонов изҳори миннатдорӣ мекунад.

Чиптаҳо дар торномаи concert.ru ва кассаҳои "Vegas City Hall“ ба фурӯш гузошта шудааст.

Аслишо Акимбеков мегӯяд, ин ҷашнвораи аввалин дар доираи тарҳи "BAZM" аст ва минбаъд чунин конертҳо бештар баргузор хоҳад шуд.