ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Субҳи имрӯз бо иштирок Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода оғози корҳои сохтмонии маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили чапи дарёи Сир, канори хиёбони Раҳмон Набиев, паҳлуи чойхонаи Сирдарё ҳусни оғоз гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдори сохтмону шаҳрсозӣ дастур дод, ки маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили чапи дарёи Сир, ки алҳол ҳудуди он 300 метрро фаро мегирад, бо назардошти бунёди шиногоҳи нав, майдончаҳои бозии футболу волейбол ва тенис, пайроҳа, истгоҳи наклиётӣ, нуқтаҳои хизматрасонии обҳои ташнашикан, яхмос, дастгоҳҳои машқу тамрин ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои шаҳрвандон дар зудтарин фурсат бунёд карда шаванд.
Инчунин Аҳмадзода гуфт, ки ин мавзеъ дорои имкониятҳои хуби истироҳатӣ дошта, дар ояндаи наздик то ҳудуди беморхонаи шараёни дил соҳили дарёи Сир идома ёфта, ба мавзеъи бузурги истироҳатию фароғатии меҳмонону сокинони шаҳри Хуҷанд мубаддал хоҳад шуд.
Ҳамчунин вай таъкид намуд, ки таъмитру бозсозии соҳили дарёи Сир барои ҷалби сайёҳони дохили хориҷӣ замина мегузорад.
Дар ҳамин ҳол, раиси вилояти Суғд ба роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд дастур дод, ки барои омода намудани шиногоҳ мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир тадбирҳо андешанд ва барои бехатарии шаҳрвандон бунгоҳи назоратӣ таъсис диҳанд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини шаҳрсозӣ ва мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру вилоят дастур дод, ки дар фурсати кӯтоҳтарин ду канори соҳили дарёи Сирро бо андозаи то 6 метр пурра аз иншооти гуногун тоза ва барои роҳраву машқу тамрини шаҳрвандон шароит муҳайё карда шавад.