Ҳабс камтар мешавад? супориши Эмомалӣ Раҳмон ба ёрдамчияш

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармон додааст, ки дар бахши додгоҳӣ – ҳуқуқӣ тайи се соли оянда ислоҳот амалӣ гарданду адолат дар кишвар таҳким бахшида шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, ки нимаи дуюми моҳи апрел имзо шуд, дар Тоҷикистон барномаи сесолаи ислоҳоти соҳаи судӣ – ҳуқуқӣ барои солҳои 2019 – 2021 ба тасвиб расид. Бар асоси ин санад, ҳадафи ислоҳот  таҳкими фаъолияти додгоҳҳо барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, беҳбуди сохтори додгоҳҳо ва шароити иҷтимоии додрасҳо мебошад. Дар санад зикр шудааст, ки мақомоти додгоҳӣ дар кишвар шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ буда, дар таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим дорад.

Имомов мӯйсаргирони тифлашро таҷлил карду қазияаш ба додгоҳ рафт

Эмомалӣ Раҳмон ёрдамчияшро дар масъалаҳои ҳуқуқӣ масъули назорати иҷрои ислоҳот дар низоми додгоҳӣ – ҳуқуқӣ таъин кардааст. Раисиҷумҳур қабл аз тасдиқи барномаи ислоҳот, моҳи марти соли равон ба мақоми ёрдамчии президент дар масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндааш дар Маҷлиси намояндагон Зариф Ализода, собиқ ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро таъин кард.  

Тасдиқи барномаи нави ислоҳоти додгоҳӣ - ҳуқуқӣ дар ҳолест, ки ҳуқуқшиносони наздик ба раисиҷумҳур қаблан аз эҳтимоли боз ҳам башардӯстонатар шудани қонунгузории кишвар суҳбат карданд.  Маҳмад Раҳимзода, мудири пешини Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон қаблан зимни як нишасти матбуотияш дар Душанбе гуфт, дар Кодекси ҷиноӣ дар бисёри ҳолатҳо ҷарима ҷои ҳабсро хоҳад гирифт.

Чаро шими ҷинс пӯшидӣ?: омӯзгор Суннатуллоро латту кӯб ва либосҳояшро пора кард

Раҳимзода гуфта буд, ки дар қонунгузории марбути ҷиноятҳо бештар такя ба ҷарима мешавад. 

“Дар Кодекси нав қисми зиёди ҷиноятҳо ба ҷарима гузаронда мешавад. Инсонро танҳо бо ҳабс кардан тарбия кардан мумкин нест, аммо куллан бидуни ҳабс ҳам намешавад. Баъзе роҳҳои дигари тарбия вуҷуд дорад. Дар қонунгузорӣ принсипи оқилона пешбинӣ шудааст, ки ҳатто ба суд имконият медиҳад, ки бо назардошти ин принсип амал кунад. Вазифаи мо тарбияи инсон аст, на ҷазо”, - изҳор дошта буд Раҳимзода.