ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе тибқи қарор дар Рӯзи ҷавонон дар пойтахт баргузории ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, маърифатӣ, конфронсу форум ва дигар мулоқоту суҳбатҳо бо иштироки наврасону ҷавонон пешбинӣ шудааст.
Тавре манбаъ қайд намудааст, дар ин рӯз ҳамчунин дар маконҳои фарҳангии пойтахт, аз ҷумла, боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳр барои сайругашти идонаи сокинон ва меҳмонони пойтахт шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
“Нақшаи чорабиниҳои мазкур бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ, дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва эҷодиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳия гардидааст”, - зикр намудааст манбаъ.
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шудааст.